Маликшоҳ Неъматов: Саркашӣ аз хизмати ҳарбиро бояд аз байн барем

Ба қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ” тағйиру иловаҳо ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар наздиктарин фурсат ба парлумон пешниҳод мегардад. Дар ин бора имрӯз, 17 январ Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай гуфт, ки ҳангоми эҷоди мушкилот ҳангоми сафарбарии ҷавонон ба сафи қувваҳои […]

Исфандиёр Халилов


Ба қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ” тағйиру иловаҳо ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар наздиктарин фурсат ба парлумон пешниҳод мегардад.

Дар ин бора имрӯз, 17 январ Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай гуфт, ки ҳангоми эҷоди мушкилот ҳангоми сафарбарии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бо роҳҳои ғайриқонунӣ, комиссияи бевоситае таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат, ки муовинони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шомили он ҳастанд, дар ин самт кор мебарад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонони ба таҳсил фарогирифташуда 600 ҳазору 500 нафар мебошанд.

Аммо ҳамасола аҳолии Тоҷикистон то 230 ҳазор нафар зиёд мешавад ва 97 ҳазор нафар ҷавонон бидуни ягон ихтисос ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ дар миёни ҷавонон яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад.

Маликшоҳ Неъматов гуфт, ки дар доираи барномаи ватанпарастии ҷавонон чорабиниҳои зиёд баргузор мегардад. Аз ҷумла, соли 2013 дар самти ватандӯстӣ 50 чорабинии ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 20 ҳазор ҷавон ва дар тамоми минтақаҳо 500 чорабинӣ доир гардидаанд, ки дар он 90 ҳазор нафар фаро гирифта шудаанд.

Вай гуфт: “Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ доир мекунем. Рӯз то рӯз эҳсос мекунем, ки ба самти дуруст рафта истодаем. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳоло фарзандони миллат бо чеҳраи кушод ва ба таври ихтиёрӣ хизмати ҳарбӣ мераванд. Ҳамаи инро наметавон нодида гирифт. Вале мушкилот ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад”.

Ба андешаи Неъматов, бояд аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бо мақомот талош кунанд, то саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ аз байн бурда шавад.

Дар ҳамин ҳол Маҳдӣ Собир, сухангӯйи Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳор дошт, ки барои хӯроки як сарбоз дар як моҳ 35 сомонӣ ҷудо мешавад, ки ин ба назар ночиз мерасад.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфт, ки дар чандин қисмҳои ҳарбӣ ҳузур дошт ва мушоҳида кардааст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба ин масъала зиёд аст. “Бояд пайи ҳалли чунин мушкилиҳо бошем”, – илова кард Неъматов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.