Кумитаи ҷавонон ба Олимпиадаи тобистонаи Бразилия омодагӣ мегирад

Варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли гузашта, гурзандоз Дилшод Назаров, ки чанде қабл муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ таъин шуд, имрӯз дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки айни замон вазифаи асосии ӯ дар ин мансаб – омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия аст. «Ҳозир ман дигар фикре ҳам […]

Меҳрангез Турсунзода


Варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли гузашта, гурзандоз Дилшод Назаров, ки чанде қабл муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ таъин шуд, имрӯз дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки айни замон вазифаи асосии ӯ дар ин мансаб – омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия аст.

«Ҳозир ман дигар фикре ҳам дар сар надорам, зеро ҳамчун варзишгар ба хубӣ огаҳам, ки ду сол барои омодагӣ хеле фурсати кам аст. Аз ин рӯ, тамоми кӯшишу имконотам баҳри омодагӣ ба Олимпиадаи тобистона равона хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов дар ин робита зикр кард, ки ба дастаи олимпии тобистона то 20 нафарро шомил карданианд ва барномаҳои варзишгарон аз буҷети кишвар маблағгузорӣ шуда, дар сурати камбуди маблағ, сарпарастон ҷалб мегарданд. «Дар Кумита айни замон барномаҳои омодагии варзишгарон Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев мавҷуд ҳастанд», – гуфт ӯ.

«Ман ҳамеша мегӯям, ки барои омода кардани як варзишгари касбиву интизорӣ доштан аз натиҷаҳои назарраси ӯ ҳатто 150-200 ҳазор доллар маблағ ҳам барои 1 сол кофӣ нест. Аз буҷети мо бошад, барои варзишгарони дастаи олимпӣ ҳамагӣ 25-30 ҳазор доллар маблағ ҷудо мешавад, – мегӯяд М.Неъматов. – Бори дигар такрор мекунам, ки барои аз ҷониби варзишгар ба даст оварлдани натиҷаи дилхоҳ, барномаи омодагии ӯ бояд пардохт шавад. Мо тасмим гирифтем, ки ин корро ба сомон мерасонем ва маблағ метавонад то 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил диҳад».

Неъматов овозаҳо дар бораи аз иштирок дар мусобиқаҳо даст кашилдани Расул Боқиев ва ба касби мураббигӣ пардохтани ӯро рад намуда, зикр кард, ки айни замон Боқиев дар бошгоҳи русиягии «Самбо» ба тамринҳо машғул буда, ба мусобиқоти Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад.

«Дар арафаи Соли нав Боқиев дар як мусобиқоти умумирусиягӣ ширкат варзида, ба грифтани медали тилллои ин мусобиқот ноил гардид. Ягона тағйирот иваз шудани дараҷаи вазни ӯ аз 73 ба 81 кило аст», – гуфт раиси Кумита.

Номбурда ҳамчунин гуфт, то Бозиҳои олимпии Бразилия фурсати кам боқӣ монда, худи варзишгар инро бояд дарк кунад. «Чанде қабл Расул Боқиев ба Тоҷикистон омада, ба кумита барномаи омодагии худро пешниҳод намуд ва мо ба ӯ итминон додем, ки барномае, ки ӯ дар даст дорад, аллакай маблағгузорӣ шудааст», – афзуд М.Неъматов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.