Фарҳод Раҳимов: Академикони «хасакӣ» вуҷуд надоранд


Унвони академикони «хасакӣ» – ро ҳамоне интихоб крадааст, ки дар илм номуваффақ гаштааст ва по ба пошнаи дигарон мениҳад, гуфт президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов зимни нишасти хабарӣ.


Ба таъкиди ӯ, чунин ибораро дар муқобили олимони Академияи илмҳо корбурд кардан ҷоиз нест. «Чун ҳамаи олимони мо мактабҳои даврони шуравиро хатм карда, марҳала ба марҳала ба дарёфти унвони илмӣ муваффақ гаштаанд. Ҳар яки онҳо дар машварати умумии олимон, баъди тахлилу баррасии фаъолияташон унвони академикро соҳиб шудаанд. Академикҳоро на халқи оддӣ, балки олимон интихоб мекунанд», – қайд кард ӯ.

Тибқи маълумоти АИ, айни замон шумораи умумии аспирантони академия 272 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 130 нафар дар шӯъбаи рӯзона, 142 – шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Аз шумораи умумии аспирантон 81 нафарро занон  ташкил медиҳанд. Шумораи умумии докторантҳо ба 8 нафар расида, 4 нафарашон занҳо мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное