Беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ манзил дар соли гузашта

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 15,5 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули зиёда аз 2,1 ҳазор беморон дар як баст ва бемористонҳо […]

ASIA-Plus



Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 15,5 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули зиёда аз 2,1 ҳазор беморон дар як баст ва бемористонҳо барои 521 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 36 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.

Дар Кумита зикр карданд, ки имрӯз корҳои омодасозӣ ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент (95%), Қайроққум (50%), Бохтар (60%), Ҷомӣ (25%), Восеъ (80%) ва  Гончӣ (70%) идома доранд.

«Таҳияи нақшаҳои генералии 9 шаҳру ноҳияҳо пурра ба итмом расида, айни замон онҳо дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Кумита, нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то соли 2015 таҳия ва тасҳеҳ шаванд», – гуфтанд дар Кумитаи мазкур.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.