Пешсафии Русия дар интиқоли маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон

Соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст. Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нархи 1 тонна сӯзищшвории соли гузашта ба Тоҷикистон воридшуда ба ҳисоби миёна […]

Заррина Эргашева



Соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нархи 1 тонна сӯзищшвории соли гузашта ба Тоҷикистон воридшуда ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 29 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 87 доллари ИМА поинтар аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 153 ҳазору 450 тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст, ки дар қиёс бо соли 2012 ба миқдори 52,2 ҳазор тонна камтар буда, 40,1% аз ҳаҷми умумии бозори воридоти маҳслоти нафтӣ ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

«Аз омори гумрук бармеояд, ки пас аз бекор шудани боҷи содиротӣ ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия афзуда, он ба як андоза ба поинравии нарх ба ин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон мусоидат намуд. Мо бар ин назареем, ки давоми моҳҳои баҳор низ нархҳо ба маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш меоранд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Қирғизистон 151 ҳазору 542 тонна, аз Казоқистон – 40 ҳазору 321 тонна, аз Туркманистон – 18 ҳазору 159 тонна ва аз Озарбойҷон – 2 ҳазору 287 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Дар Вазорати мазкур ҳамчунин итминон доданд, ки ояндаи наздик Созишнома дар бораи таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба тасвиб мерасад. Имрӯз ин созишнома то тасдиқ шудани он дар Русия, муваққатан мавриди амал қарор гирифтааст.

Созишнома таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистонро ҳукумати Тоҷикистон моҳи май тасдиқ намуд, вале аз ҷониби ҳукумати Русия ин санад ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст. Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.