Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт

Рӯзи 15-уми январи соли равон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири Девони Амири Кувайт шайх Носир ас Сабоҳ баргузор гардид.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳрӣ, зимни он ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, ба амалисозии қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15-уми январи соли равон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири Девони Амири Кувайт шайх Носир ас Сабоҳ баргузор гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳрӣ, зимни он ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, ба амалисозии қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ҳосил гашта буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Гуфта мешавад, намояндаи баландпояи Давлати Кувайт азми ҷониби худро барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф иброз намуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Кувайт ҳамагӣ ҳудуди 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки пурра ба воридоти маҳсулоти Кувайт ба Тоҷикистон рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.