Пешниҳоди шаҳрдории Кӯлоб оид ба ром кардани сойи Тебалай

Сойи Тебалай ҳамасола ба сокинони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб хисороти зиёд ба бор меоварад. Соли 2010 маҳз бар асари обхезӣ ва фаромадани лойқаву санг, ки қисмате аз шаҳри Кӯлобро шуста буд, 13 нафар ҷони худро аз даст доданд. Қобили зикр аст, ки аз амалу тадбирҳои ноҷӯру парокандаи мақомоти маҳаллии ноҳияҳои зикршуда ва […]

Турко Дикаев



Сойи Тебалай ҳамасола ба сокинони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб хисороти зиёд ба бор меоварад. Соли 2010 маҳз бар асари обхезӣ ва фаромадани лойқаву санг, ки қисмате аз шаҳри Кӯлобро шуста буд, 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аз амалу тадбирҳои ноҷӯру парокандаи мақомоти маҳаллии ноҳияҳои зикршуда ва шаҳри Кӯлоб дар мавриди тозакунии маҷрои сой ва ба самти бехатар равона кардани он натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил намешаванд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов бо андешаи зарурати таъсиси мақомоти ягона дар сатҳи ҷумҳуривӣ ё байниноҳиявӣ оид ба ҳамоҳансозии тамоми корҳо дар сойи Тебалай розӣ шуда, изҳор намуд, ки дар сурати чунин ранг гирифтани кор, ба пурсамар истифода шудани миллионҳо маблағҳои ҷудошуда ва захираи хле ками техника имкон пайдо мегардад.

«Зимни сафари кории нахуствазири ҷумҳурӣ ба минтақа, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ин ташаббусро ба ӯ пешниҳод хоҳад кард», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аллакай муддати ду сол аст, ки шаҳрдории Кӯлоб бидуни дастрасии ҳеҷ воситае аз буҷети ҷумҳурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, мустақилона корҳои тозакунии соҳилҳои поёноби сойи Тебалайро анҷом медиҳад.

«Ширкати «Фароз» ба тозакунии маҷрои об дар масофаи 2 километр кумак кард, вале агар бо ин ё он сабаб дар болооби сой – дар ноҳияҳои Муъминободу Шӯрообод тамоми маҷмӯи ин гуна корҳоро анҷом надиҳанд, моҳҳои март-май тамоми кӯшишҳои мо дар поёноб барабас хоҳанд рафт», – афзуд раиси шаҳр.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.