Даромади буҷети Кӯлоб 3,4 млн. сомонӣ аз нақша зиёд шуд



Аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 қисмати даромади буҷети шаҳри Кӯлоб 33 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишудаи солона 3,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов, даромади иловагӣ ба буҷет ба туфайли васеъ кардани заминаи андозбандӣ имконпазир гардидааст.

«Даҳҳо корхонаҳои хурд мавриди истифода қарор гирифта, дар давоми сол беш аз 3,5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли раиси шаҳр, фаъол гардидан ва ба истифода додани корхонаҳои нав имкон дод, ки нисбат ба соли 2012 ба маблағи 23,3 млн. сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол карда шавад. «Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 23 млн. сомонӣ зиёдтар маҳсулоти кишварзӣ истеҳсол намуданд», – иброз дошт А.Раҳмонов.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнат дар шаҳри Кӯлоб ба ҳисоби миёна 596,9 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли пешин 166 сомонӣ зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное