Омодагии корхонаҳои Сибир ба қабули муҳоҷирони тоҷик

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои сохтмонии вилояти Новосибирск ба қабули муҳоҷирони тоҷик ба кор омодаанд. «Моҳи апрели соли равон ширкати мо  омода аст, ки зиёда аз 50 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷикро бо ҷойи кор таъмин кунад», – изҳор доштааст зимни суҳбат бо корманди намояндагӣ муовини роҳбари ҶСК «Перлит-строй» Алексей Фёдоров. […]

ASIA-Plus



Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои сохтмонии вилояти Новосибирск ба қабули муҳоҷирони тоҷик ба кор омодаанд.

«Моҳи апрели соли равон ширкати мо  омода аст, ки зиёда аз 50 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷикро бо ҷойи кор таъмин кунад», – изҳор доштааст зимни суҳбат бо корманди намояндагӣ муовини роҳбари ҶСК «Перлит-строй» Алексей Фёдоров.

Ба иттилои манбаъ, зимни ин вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо ширкати «Перлит-строй» оид ба масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки «Перлит-строй» яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонии вилоят буда, барои ҷалб ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани қувваи корӣ аз хориҷи кишвар аз заминаи кофии моддиву техникӣ бархӯрдор аст.

Гуфта мешавад, ширкат ният дорад, ки дархости расмӣ бо зикри мутахассисони заруриро пешниҳод намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.