Таъини муовинони нави вазири мудофиаи ҷумҳурӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъингардида, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. 



Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъингардида, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, ҳифзи бошарафи марзу буми кишвар, омодасозӣ ва ҷобагузории дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд. 

Тавре маълум шуд, Зариф Бобокалонов, ки кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. 

Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки ҳарду кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда мебошанд, муовинҳои вазири мудофиа таъин карда шуданд. 

Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмат кардааст, Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ду кадри ҷавону кордони дигар – Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке Сардори Раёсати ҳамкории ҳарбӣ-байналхалқӣ ва дуввумӣ Сардори Раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.