Соли гузашта МОИ ба маблағи 8,5 млн. $ маҳсулот истеҳсол карданд

Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон соли 2013 ба маблағи умумии беш аз 40,4 млн. сомонӣ (тақрибан 8,5 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли гузашта 9 корхонаи МОИ «Суғд» ба маблағи зиёда аз 40 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, айни замон дар ин минтақа 18 […]

ASIA-Plus



Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон соли 2013 ба маблағи умумии беш аз 40,4 млн. сомонӣ (тақрибан 8,5 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли гузашта 9 корхонаи МОИ «Суғд» ба маблағи зиёда аз 40 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, айни замон дар ин минтақа 18 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 11-тоаш корхонаҳои вттанӣ ва 7-тоашон корхонаҳои муштарак мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар МОИ «Данғара» корхонаи «Ю ва Ф» ба фаъолият пардохт, ки ба маблағи ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.

Зикр гардид, ки дар МОИ «Панҷ», ки дар ноҳияи Қумсангир воқеъ аст, алҳол истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст. Соли гузашта барои сохтмони иншоот дар ин минтақа сармоягузориҳо дар ҳаҷми қариб 970 ҳазор сомонӣ азхуд шудаанд.

Барои сохтмони иншоот дар қаламрави МОИ «Ишкошим», ки дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир аст, соли гузашта дар ҳаҷми беш аз 2,6 млн. сомонӣ сармоягузориҳо азхуд карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор МОИ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.