Кумитаи телевизион: Сюжет дар бораи Зайд Саидов фармоишӣ набуд

Date:


– Сюжети пахшшуда дар шабакаҳои давлатии телевизион перомуни ҷараёни амалҳои тафтиш аз рӯйи далели дуюми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аз ҷониби Зайд Саидов маводи фармоишӣ нест, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ Саидалӣ Сиддиқов.

Саидалӣ Сиддиқов ба ҳар ҳол қайд кард, ки сюжети зикршуда аз ҷониби мақомоти тафтишот омода гардида, ба шабакаҳои давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Шабакаи аввал» барои пахш дар эфир пешниҳод гардид.

«Марказҳои матбуотии мақомоти тафтишотӣ чунин маводро омода намуда, ба мо пешниҳод мекунанд ва мо мутаносибан баъдан онҳоро дар телевизион намоиш медиҳем», – шарҳ дод Сиддиқов.

Саволи як рӯзноманигор дар бораи оё аз ҷониби касе бекор шудани принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро ӯ бидуни шарҳ боқӣ гузошт.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми сентябри соли гузашта дар шабакаҳои давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Шабакаи аввал» сюжете пахш гардид, ки дар он ҷабрдидаи эҳтимолӣ аз таҷовуз ба номус миёни се нафар мардони дар толор нишаста Зайд Саидовро ҳамчунин таҷовузгар ба номусаш мешиносад. Дар идома духтар аз ин ҳодиса ҳикоят карда, макони эҳтимолии содир шудани ҷиноятро нишон медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...