Кумитаи телевизион: Сюжет дар бораи Зайд Саидов фармоишӣ набуд

– Сюжети пахшшуда дар шабакаҳои давлатии телевизион перомуни ҷараёни амалҳои тафтиш аз рӯйи далели дуюми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аз ҷониби Зайд Саидов маводи фармоишӣ нест, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ Саидалӣ Сиддиқов. Саидалӣ Сиддиқов ба ҳар ҳол қайд кард, ки сюжети зикршуда аз ҷониби […]

Маҳпора Киромова


– Сюжети пахшшуда дар шабакаҳои давлатии телевизион перомуни ҷараёни амалҳои тафтиш аз рӯйи далели дуюми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аз ҷониби Зайд Саидов маводи фармоишӣ нест, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ Саидалӣ Сиддиқов.

Саидалӣ Сиддиқов ба ҳар ҳол қайд кард, ки сюжети зикршуда аз ҷониби мақомоти тафтишот омода гардида, ба шабакаҳои давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Шабакаи аввал» барои пахш дар эфир пешниҳод гардид.

«Марказҳои матбуотии мақомоти тафтишотӣ чунин маводро омода намуда, ба мо пешниҳод мекунанд ва мо мутаносибан баъдан онҳоро дар телевизион намоиш медиҳем», – шарҳ дод Сиддиқов.

Саволи як рӯзноманигор дар бораи оё аз ҷониби касе бекор шудани принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро ӯ бидуни шарҳ боқӣ гузошт.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми сентябри соли гузашта дар шабакаҳои давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Шабакаи аввал» сюжете пахш гардид, ки дар он ҷабрдидаи эҳтимолӣ аз таҷовуз ба номус миёни се нафар мардони дар толор нишаста Зайд Саидовро ҳамчунин таҷовузгар ба номусаш мешиносад. Дар идома духтар аз ин ҳодиса ҳикоят карда, макони эҳтимолии содир шудани ҷиноятро нишон медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.