Соли сипаришуда Суди олии Тоҷикистон 66 нафарро ба ҷазои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла ду нафарро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев имрӯз дар ҷамъи журналистон дар ин маврид изҳор намуд, ки яке аз нафарони ба ҳабси абад маҳкумшуда Сайисмон Хӯҷаев аст, ки дар қатли бераҳмонаи якчанд нафар гунаҳкор эътироф гардида, нафари дигар Куондик Иноятов мебошад, ки барои суистеъмол аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва амалҳои зӯроварии дорои хусусяти шаҳвонӣ ба ин ҷазо сазовор дониста шудааст.
«Умуман ман бар ин назарам, ки агар ҷинояткор ду ё зиёда аз он шахсонро кушта бошад, ӯ бояд ба ҳабси абад маҳкум гардад», – зикр кард Абдуллоев.



