Чорабиниҳои коммунистони тоҷик дар робита ба солгарди фавти Ленин

Ба муносибати солгарди фавти доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин имрӯз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳру навоҳии бузурги ҷумҳурӣ чорабиниҳо баргузор мекунад. Муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз макомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии раиси коммунистони тоҷик Шодӣ Шабдолов ба пояи муҷассамаи В.Ленин дар ноҳияи Рӯдакӣ […]

Аваз Юлдошев


Ба муносибати солгарди фавти доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин имрӯз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳру навоҳии бузурги ҷумҳурӣ чорабиниҳо баргузор мекунад.

Муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз макомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии раиси коммунистони тоҷик Шодӣ Шабдолов ба пояи муҷассамаи В.Ленин дар ноҳияи Рӯдакӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

«Чун ҳукуматдорон дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ягон муҷассамаи комили доҳии пролетариати ҷаҳонро боқӣ нагузоштаанд, имрӯз коммунистон тоҷик дар назди ҳайкалҳои нимтанаи Ленин, ки дар дохили биноҳо мавҷуданд, гулгузорӣ намуда,  дар суҳбатҳову мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо аз доҳӣ ёдоварӣ мекунанд», – иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа чорабиниву маҳфилҳои бахшида ба ёдбуди Ленин доир мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.