Изҳороти адвокатҳои З.Саидовро раиси Судӣ олӣ рад кард

Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар робита ба изҳороти адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бобати имкон надоштани дастрас кардани нусхаи ҳукм ба зерҳимояашон мутобиқи муҳлатҳои муқаррашуда тибқи қонунгузорӣ, зикр кард, ки гуфтаҳои онҳо асоси воқеӣ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз панҷ рӯзи содир шудани ҳукм, ба адвокатҳои соҳибкор пешниҳод шуд, […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар робита ба изҳороти адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бобати имкон надоштани дастрас кардани нусхаи ҳукм ба зерҳимояашон мутобиқи муҳлатҳои муқаррашуда тибқи қонунгузорӣ, зикр кард, ки гуфтаҳои онҳо асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз панҷ рӯзи содир шудани ҳукм, ба адвокатҳои соҳибкор пешниҳод шуд, ки нусхаи ҳукмро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, вале онҳо рад кардаанд.

«Таври маълум парвандаи Саидов таҳти муҳри махфӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба мо ҳам таҳти ҳамин муҳр ворид шуд. Бо назардошти ин ҳолат, барои гирифтани нусхаи ҳукм мо аз адвокатҳои Саидов додани баёнот дар бораи ифшо накардани маълумотро талаб кардем, вале онҳо розӣ нашуда, аз гирифтани нусхаи ҳукм рӯ тофтанд», – зикр кард Абдуллоев.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раисикунанда дар мурофиаи Зайд Саидов, судяи Суди олии Тоҷикистон Шавкат Абдулхайров изҳор кард, ки сарфи назар аз пушти дарҳои пӯшида баргузор шудани мурофиа, дар тамоми муддати мурофиа писар ва бародари судшаванда ва намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслӣ ва ягонаи ба парвандаи Саидов гузоштани муҳри махфӣ ҳузур доштани духтари ноболиғ дар он аст.

Дар робита ба масъалаи ба мурофиа роҳ дода нашудани намояндагони матбуот, Абдулхайров зикр кард, ки оид ба ин масъала ягон журналист ба ӯ муроҷиат накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.