Мақомоти назорат аз болои сифат ва бехатарии маҳсулоти Тоҷикистон айни замон ба танзими истеҳсоли нос қодир нестанд.
Зимни нишасти хабарӣ директори «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала борҳо дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба чунин навъи маҳсулот алҳол ҳеҷ асноди меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба танзими истеҳсоли он имкон фароҳам оваранд, мавҷуд нест.
«Ҳамчунин методҳои баҳогузорӣ ба сифати он низ нестанд», – иброз дошт ӯ ва зикр кард, ки чанде аз фурӯшандагони ин навъи маҳсулот бо масъалаи баҳогузорӣ ба сифати маҳсулоташон ба онҳо муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз қабули қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» дар робита ба истеҳсол ва фурӯши ин маснӯот талаботи пурзӯр ҷорӣ карда шуданд. «Мо регламенти нави техникӣ қабул кардем. Масалан, аз чор се ҳиссаи қуттии сигарет ҳатман бояд навиштаҷоти огоҳии Вазорати тандурустӣ дар бораи зарари истеъмоли тамокуро дошта бошад», – зикр кард номбурда.
Ба иттилои Шукуров, давоми солҳои 2011-2012 560 ҳазор қуттии сигарет аз гардиш мусодира карда шудаанд, ки ба талаботи регламенти нави техникӣ ҷавобгӯ набуданд. «Соли гузашта ҳолатҳои мусодираи маснӯоти тамоку қариб, ки вуҷуд надошт, зеро тамоми талаботи регламенти техникӣ иҷро мешаванд», – афзуд директори Агентӣ.



