Тоҷикистон алҳол ба танзими истеҳсоли нос қодир нест

Мақомоти назорат аз болои сифат ва бехатарии маҳсулоти Тоҷикистон айни замон ба танзими истеҳсоли нос қодир нестанд. Зимни нишасти хабарӣ директори «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала борҳо дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба чунин навъи маҳсулот алҳол ҳеҷ асноди меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба танзими […]

Пайрав Чоршанбиев


Мақомоти назорат аз болои сифат ва бехатарии маҳсулоти Тоҷикистон айни замон ба танзими истеҳсоли нос қодир нестанд.

Зимни нишасти хабарӣ директори «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала борҳо дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти зикршуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба чунин навъи маҳсулот алҳол ҳеҷ асноди меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба танзими истеҳсоли он имкон фароҳам оваранд, мавҷуд нест.

«Ҳамчунин методҳои баҳогузорӣ ба сифати он низ нестанд», – иброз дошт ӯ ва зикр кард, ки чанде аз фурӯшандагони ин навъи маҳсулот бо масъалаи баҳогузорӣ ба сифати маҳсулоташон ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз қабули қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» дар робита ба истеҳсол ва фурӯши ин маснӯот талаботи пурзӯр ҷорӣ карда шуданд. «Мо регламенти нави техникӣ қабул кардем. Масалан, аз чор се ҳиссаи қуттии сигарет ҳатман бояд навиштаҷоти огоҳии Вазорати тандурустӣ дар бораи зарари истеъмоли тамокуро дошта бошад», – зикр кард номбурда.

Ба иттилои Шукуров, давоми солҳои 2011-2012 560 ҳазор қуттии сигарет аз гардиш мусодира карда шудаанд, ки ба талаботи регламенти нави техникӣ ҷавобгӯ набуданд. «Соли гузашта ҳолатҳои мусодираи маснӯоти тамоку қариб, ки вуҷуд надошт, зеро тамоми талаботи регламенти техникӣ иҷро мешаванд», – афзуд директори Агентӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.