Раҳбарияти ширкати давлатии суғуртаи тоҷик ба дар солҳои наздик ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар саросари кишвар умедвор аст.
Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов дар ин робита изҳор намуд, ки бо мақсади васеъ кардани ҳаҷми сандуқи суғуртавӣ мавриди амал қарор додани Қонуни қабулшудаи ҶТ «Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ» зарур аст.
Қобили зикр аст, ки қонуни мазкурро парлумони кишвар ҳанӯз соли 2008 қабул намуда, соли 2010 ба он тағийроту иловаҳо ворид карда шуданд, ки мутобиқи онҳо ҷоршавии суғуртаи тиббӣ бояд аз моҳи январи соли 2014 оғоз мегардид, аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани воситаҳои зарурӣ, ҷорисозии он то соли 2017 мавқуф гузошта шуд.
«Барои мавриди амал қарор додани ин қонун фондҳои махсус лозиманд ва тамоми муассисаҳои тиббиву кормандони он низ бояд ба он омода бошанд», – гуфт Сатторов.
Директори корхона изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумат воситаҳои заруриро дарёфт намуда, суғуртаи тиббӣ дар кишвар ҳатмӣ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Сатторов таъкид дошт, ки айни замон суғуртаи тиббии ихтиёрӣ дар ҷумҳурӣ амал мекунад ва хоҳишмандон метавонанд аз он истифода намоянд.



