Умедвории «Тоҷиксуғурта» ба зудтар ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Раҳбарияти ширкати давлатии суғуртаи тоҷик ба дар солҳои  наздик ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар саросари кишвар умедвор аст. Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов дар ин робита изҳор намуд, ки бо мақсади васеъ кардани ҳаҷми сандуқи суғуртавӣ мавриди амал қарор додани Қонуни қабулшудаи ҶТ «Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ» зарур аст. […]

Пайрав Чоршанбиев


Раҳбарияти ширкати давлатии суғуртаи тоҷик ба дар солҳои  наздик ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар саросари кишвар умедвор аст.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов дар ин робита изҳор намуд, ки бо мақсади васеъ кардани ҳаҷми сандуқи суғуртавӣ мавриди амал қарор додани Қонуни қабулшудаи ҶТ «Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ» зарур аст.

Қобили зикр аст, ки қонуни мазкурро парлумони кишвар ҳанӯз соли 2008 қабул намуда, соли 2010 ба он тағийроту иловаҳо ворид карда шуданд, ки мутобиқи онҳо ҷоршавии суғуртаи тиббӣ бояд аз моҳи январи соли 2014 оғоз мегардид, аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани воситаҳои зарурӣ, ҷорисозии он то соли 2017 мавқуф гузошта шуд.

«Барои мавриди амал қарор додани ин қонун фондҳои махсус лозиманд ва тамоми муассисаҳои тиббиву кормандони он низ бояд ба он омода бошанд», – гуфт Сатторов.

Директори корхона изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумат воситаҳои заруриро дарёфт намуда, суғуртаи тиббӣ дар кишвар ҳатмӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Сатторов таъкид дошт, ки айни замон суғуртаи тиббии ихтиёрӣ дар ҷумҳурӣ амал мекунад ва хоҳишмандон метавонанд аз он истифода намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.