Шикояти раиси ноҳияи Ҷиликӯл аз фаъолияти вазорату кумитаҳо


Раиси ноҳияи Ҷиликӯл аз рафти иҷрои барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар давраи  солҳои 2013-2016 изҳори нигаронӣ намуд.

Хоҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҷиликӯл зимни як нишасти матбуотиаш гуфт, ҷойи таассуф аст, ки вазорату кумитаҳо он вазифаҳое, ки дар наздашон ин барнома гузоштааст, иҷро накардаанд.

«Ин барнома моҳи декабри соли 2012 аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардида,  мутаассифона, то имрӯз мақомот ягон кореро дар ноҳия ба анҷом нарасонидаанд. Агар рӯирост бигӯем, вазорату кумитаҳо дар 20 соли истиқлолият ягон кори назарасеро барои сохторҳои худашон дар ноҳияи Ҷиликӯл ба анҷом нарасонидаанд», – гуфт раиси ноҳия.

Раиси ноҳияи иброз дошт, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти соли ҳукумати вилояти Хатлон таваҷҷуҳи нахуствазирро ба ин мушкилот ҷалб намудааст. «Худатон шоҳидед, ки вазъи маркази маъмурии ноҳияи дар чӣ ҳол аст. Тамоми биноҳои корхонаву муассисаҳои давлатӣ фарсудаву таъмирталабанд ва мо умедворем, ки роҳбарони вазорату идораҳо сари ин масъала ба як хулоса меоянд», – афзуд Х.Фазлиддинов.

spot_imgspot_img

Популярное