Шикояти раиси ноҳияи Ҷиликӯл аз фаъолияти вазорату кумитаҳо

Раиси ноҳияи Ҷиликӯл аз рафти иҷрои барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар давраи  солҳои 2013-2016 изҳори нигаронӣ намуд. Хоҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҷиликӯл зимни як нишасти матбуотиаш гуфт, ҷойи таассуф аст, ки вазорату кумитаҳо он вазифаҳое, ки дар наздашон ин барнома гузоштааст, иҷро накардаанд. «Ин барнома моҳи декабри соли 2012 аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси ноҳияи Ҷиликӯл аз рафти иҷрои барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар давраи  солҳои 2013-2016 изҳори нигаронӣ намуд.

Хоҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҷиликӯл зимни як нишасти матбуотиаш гуфт, ҷойи таассуф аст, ки вазорату кумитаҳо он вазифаҳое, ки дар наздашон ин барнома гузоштааст, иҷро накардаанд.

«Ин барнома моҳи декабри соли 2012 аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардида,  мутаассифона, то имрӯз мақомот ягон кореро дар ноҳия ба анҷом нарасонидаанд. Агар рӯирост бигӯем, вазорату кумитаҳо дар 20 соли истиқлолият ягон кори назарасеро барои сохторҳои худашон дар ноҳияи Ҷиликӯл ба анҷом нарасонидаанд», – гуфт раиси ноҳия.

Раиси ноҳияи иброз дошт, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти соли ҳукумати вилояти Хатлон таваҷҷуҳи нахуствазирро ба ин мушкилот ҷалб намудааст. «Худатон шоҳидед, ки вазъи маркази маъмурии ноҳияи дар чӣ ҳол аст. Тамоми биноҳои корхонаву муассисаҳои давлатӣ фарсудаву таъмирталабанд ва мо умедворем, ки роҳбарони вазорату идораҳо сари ин масъала ба як хулоса меоянд», – афзуд Х.Фазлиддинов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.