Имрӯз дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии XII-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини аввали нахуствазири ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз имзои як қатор асноди ҳамкорӣ интизорӣ рафта, раҳбарони ҳайатҳо бо намояндагони ВАО мулоқот хоҳанд кард. Ҳамчунин
табодули асноди тасдиқи Созишномаҳо
дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи XI-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Маскав доир гардида буд. Он замон ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияро соли дигар дар Душанбе баргузор мекунанд, вале баргузории ҷаласаи мазкур бо сабабҳои гуногун муддати се сол ба таъхир афтод.



