Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Имрӯз дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии XII-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба кор шурӯъ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини аввали нахуствазири ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии XII-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини аввали нахуствазири ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз имзои як қатор асноди ҳамкорӣ интизорӣ рафта, раҳбарони ҳайатҳо бо намояндагони ВАО мулоқот хоҳанд кард. Ҳамчунин

табодули асноди тасдиқи Созишномаҳо

дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи XI-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Маскав доир гардида буд. Он замон ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияро соли дигар дар Душанбе баргузор мекунанд, вале баргузории ҷаласаи мазкур бо сабабҳои гуногун муддати се сол ба таъхир афтод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.