Намоиши барномаи «Маликаи барфӣ» дар Сирки давлатии Тоҷикистон то 31-уми январ, хамарӯза совти 14:00 намоиш дода мешавад.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» ҷонишини роҳбари сирк Лола Ҳалимзода иттилоъ дод, дар барномаи «Маликаи барфӣ» тамошобинони хурдсол метавонанд аз ҳунарнамоии гимнастҳо, чашмбандхо ва дорбозону шуъбадабозонҳаловат баранд.
«То анҷоми мавсими идона баргузории барномаҳои дигари сиркӣ низ дар назар дошта нашудааст. Мавсими минбаъдаи сирки танҳо аз мохи март оғоз мегардад. Нархи чипта барои тамошои намоиш аз 15 то 30 сомониро ташкил медиҳанд» – афзуд Ҳалимзода.
Ба гуфтаи ӯ, мавсими зимистонаи сирк аз 20-уми декабр шурӯъ гардид ва аввалин барномаҳои онро тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон, интернатҳо ва кӯдакони оилахои камбизоат ба таври ройгон тамошо карданд.



