Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқониро ба додгоҳ кашидааст

Хоҷагиҳои деҳқоние, ки то ҳол тухмии зироати кишткардаашонро ба Вазорати кишоварзии ҶТ барнагардонидаанд, ба суд дода шудаанд. Дар ин бора имрӯз, 24-уми январ вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ки ҳоло бо 142 хоҷагиҳои деҳқонӣ даъвои судӣ доранд. Вай афзуд: “Вазорати кишоварзӣ маҷбур шуд, ки ба суд муроҷиат кунад, […]

Исфандиёр Халилов


Хоҷагиҳои деҳқоние, ки то ҳол тухмии зироати кишткардаашонро ба Вазорати кишоварзии ҶТ барнагардонидаанд, ба суд дода шудаанд.

Дар ин бора имрӯз, 24-уми январ вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ки ҳоло бо 142 хоҷагиҳои деҳқонӣ даъвои судӣ доранд.

Вай афзуд: “Вазорати кишоварзӣ маҷбур шуд, ки ба суд муроҷиат кунад, то хоҷагиҳои деҳқонӣ пул ва ё тухмиро баргардонанд. Зеро дар вазорати молия аз вазорати кишоварзӣ шубҳа карданд, ки ба расонидани тухмӣ машғул нестем. Дар раёсати тухмипарварии вазорати кишоварзӣ баъзе муаммоҳо ҳаст. Ноҳияҳое ҳастанд, ки на тухмӣ ва на пули онро барнагардониданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмиро мегиранд, лекин дар вақти баргардонидан бисёр монеаҳо эҷод мешавад. Деҳқон мехоҳад, ки кӯмак ба ӯ ройгон бошад, лекин аз рӯйи шартномае, ки вазорати кишоварзӣ дар назди вазорати молия дорад, мо қисман ин пулҳоро бояд баргардонем”.

Вазир мегӯяд, дар раёсати тухмипарварӣ 20 нафар коргар фаъолият доранд. Вале аз рӯйи ҳисоби Агентии омор, 75 ҳазор ва бо ҳисоби Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ дар ҷумҳурӣ 125 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Агар ба 10 ҳазор хоҷагӣ тухмӣ таъмин карда шавад, бо 20 коргар назорати онро ба роҳ мондан ғайриимкон аст. “Аз рӯйи низомнома ваколатҳои назорат ба идораи кишоварзӣ дар ноҳияҳо пешниҳод мегардад, ки то ҳол дода нашудааст. Мо ҳамин камбудиро имсол ислоҳ кардем”, – илова кард Қосимов.

Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ гуфтааст, ки метавонанд ин тухмиро ба дигар хоҷагиҳои эҳтиёҷманд диҳанд ва аз қарз озод гарданд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин муомилот ҳам сурат гирифтааст ва хоҷагиҳо дар минтақаи худ тухмиро ба дигар кишоварзон додаанд.

Вазир пешниҳод кард, ки дар ҳолати зарурӣ ва боду ҳавои барои кишоварзӣ номусоид кӯмаки вазорат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд бепул бошад. Зеро барои тухмипарварӣ соли 2013 аз буҷет 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки дар таҷрибаи дигар давлатҳо ин кӯмак дар шакли имтиёзи пуливу молӣ пешниҳод мешавад.

Ба қавли Қосимов, бо гумони аз худ кардани маблағҳои буҷетӣ, чанд корманди вазорати кишоварзӣ аз вазифа озод карда шудаанд. Ҳолати азхудкунии маблағ дар самти тухмирасонӣ вуҷуд доштааст, ки мавриди санҷиши кормандони прокуратура ва Палатаи ҳисоб қарор гирифтааст.

Вазири кишоварзӣ гуфт, ки соли гузашта 12 ҳазору 600 гектар заминҳои обӣ бекор мондаанд ва аз масоҳат 3 ҳазораш аз ҳисоби нодуруст бурдани корҳои хоҷагӣ мебошад. Вай афзуд, ки аз замони шӯравӣ дар ҳисоби оморӣ 43 ҳазор гектар ҳамчун заминҳои обӣ боқӣ мондааст, ки дар асл замини лалмӣ мебошад. Дар сурате ки ҳамчун замини обӣ андозбандӣ мешавад.

Қосимов зикр кард, ки ҷонибдори азхудкунии заминҳои нав нест, зеро дар ҳоли ҳозир барқарор кардани заминҳои обии собиқ арзонтар меафтад. Агар азхудкунии замини нав ба таври мисол 3 сомонӣ хароҷот дошта бошад, барои барқарор кардани заминҳои обӣ 1 сомонӣ сарф мешавад.

Вазири кишоварзӣ оид ба масъалаи додани замин ба чиноиҳо чунин гуфт: “Тибқи шартномаи тарафайн, ба ширкати “Синзян Инхей”-и Чин 500 гектар замини бекорхобида дода шудааст, ки дар он рустанипарварӣ, истеҳсоли сабзавот ва ташкили гармхонаҳои дорои шароити хуб ба роҳ монда шудааст”.

Роҷеъ ба маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2013 вазир гуфт, ки тайи ин муддат 1 миллиону 115 ҳазор тон картошка, 1 миллиону 392 ҳазор тон ғалла, аз ҷумла, 949,4 ҳазор тон гандум, инчунин 392,8 ҳазор тон пахта ва 343,7 миллион дона тухми мурғ ҷамъоварӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.