Беш аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2013 аз Русия ихроҷ шудаанд

Танҳо дар як соли гузашта зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сарҳади Русия берун карда шудаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Анвар Бобоев, сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Хадамоти федеролии бехатарии Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати […]

Исфандиёр Халилов


Танҳо дар як соли гузашта зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сарҳади Русия берун карда шудаанд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Анвар Бобоев, сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Хадамоти федеролии бехатарии Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 72 ҳазор шаҳрванди ҷумҳуриамонро, ки ба қаламрави Русия ворид шуда наметавонанд, дар рӯйхати худ номнавис кардаанд.

Вай афзуд: “Ин нафарон дар муҳлати аз 3 то 5 сол вориди қаламрави Русия шуда наметавонанд. Хадамоти федеролии бехатарии Русия маълумоти охирро дар даст дорад ва онҳоеро, ки қонунҳои ин кишварро риоя накардаанд, аз сарҳад берун мекунад. Ин рақамҳо дақиқанд, ному насаби ихроҷшудагон ва шаҳру ноҳияи зисташон маълум аст, фақат бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, ки то муҳлати манъшуда аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд”.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ба ҳолати 15-уми декабри соли 2013 аз ҷумҳурӣ 779 ҳазору 396 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа сафар кардаанд. Ин нишондиҳанда 35036 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 зиёд аст. Аз ин шумор 768 ҳазору 222 нафар ба Русия ва боқимонда ба дигар кишварҳо сафар кардаанд. Дар соли гузашта аз хориҷ 605 ҳазору 636 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.

Ҳамзамон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллоев зикр кард, ки бо мусоидати филиали намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ба андозаи 9 миллиону 603 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони кории тоҷик баргардонида шудааст. Ҳамчунин бо дахолати Хадамоти муҳоҷират 11 қарори судҳои ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони ҶТ аз қаламрави Русия аз нав баррасӣ ва бо қарори суди зинаи болоӣ бекор гаштааст.

Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки соли 2013 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисод ба андозаи 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст. Музди меҳнати миёнаи кормандон 21,5 % афзоиш ёфта, ба 682 сомонӣ баробар гаштааст. Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 205 ҳазору 333 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Инчунин тайи солҳои 2012 теъдоди аҳолии машғули кор 88 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.


Дар акс: 

Анвар Бобоев, сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.