Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 25 январ дар Донишкадаи ҳунарҳои тасвирӣ ва дизайн (бинои собиқ осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод) Рӯзи дарҳои боз доир мегардад. Оғоз соати 10:00. Соати 14:00 намоиши сарулибоси аз ҷониби донишҷӯёни ин донишкада таҳияшуда баргузор мешавад; – 25 январ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни « Беҳтарин 100 расм, слайд ва видеороликҳо […]

ASIA-Plus



Анонс




– 25


январ



дар Донишкадаи ҳунарҳои тасвирӣ ва дизайн (бинои собиқ осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод) Рӯзи дарҳои боз доир мегардад. Оғоз соати 10:00. Соати 14:00 намоиши сарулибоси аз ҷониби донишҷӯёни ин донишкада таҳияшуда баргузор мешавад;


– 25


январ



дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни « Беҳтарин 100 расм, слайд ва видеороликҳо бахшида ба макони сайёҳии Душанбе» барпо мешавад. Оғоз соати 10:00;


– 27 январ

нишастҳои хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2013 дар Вазорати корҳои дохилӣ (оғоз соати 09:00), «Тоҷикматлубот» (соати 09:00) ва Вазорати фарҳанги ҶТ (дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, соати 11:00).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7752

сомонӣ;


1

евро

– 6.4730

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


26



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




25 Январ

Рӯзи кормандони меҳнат ва шуғли аҳолӣ                   


1755 —

Рӯзи Татяна.


1947

— Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ кардани унвони фахрии «Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон» ба нашр расид.


1955

— Дар ИМА соати ядроӣ сохта шуд, ки вақтро бо нодурустӣ ба 1 сония дар муддати 300 сол нишон медиҳад.


1955

— Дар ИҶШС Фармон «Дар бораи қатъи ҳолати ҷангӣ миёни ИҶШС ва Олмон» ба нашр расид.


1944

— Зодрӯзи доктори илмҳои физикаву математика Субҳон Ибодов.


1966

— Мавлуди  Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ.


1939-1998

— Зодрӯзи олими соҳаи математика, профессор Бекназар Имомназаров.


26 Январ                  


1500

— Аврупоиҳои аввалин ба Бразилия омада, резишгоҳи Амазонкаро кашф намуданд.


1924

— Шаҳри Петроград ба Ленинград номгузорӣ шуд.


1956

— Анҷумани X-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.


2004

— Бо фармони президент фармондеҳи Гвардияи президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев аз вазифа озод карда шуд. Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.


2011

— Дар Тоҷикистон нисбат ба масъалаи никоҳ бо хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.


1935 —

Зодрӯзи шоир Наримон Бақозода.



Вазъи обуҳаво


25 январ


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон, дар доманакӯҳҳо барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -4-9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +9+11.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +2+4.


26 январ


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 26 январ дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 26 январ дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, 26 январ баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -16-21, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борон меборад, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад, рӯзона бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0+2.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.