Президент муовини аввали нахуствазири Русияро ба ҳузур пазируфт

Шоми рӯзи 24-уми январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд. Игор Шувалов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи 24-уми январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Игор Шувалов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки қисме аз созишномаҳо дар бораи дароз намудани муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб расида, қисмати дигар дар арафаи тасвиб қарор доранд.

Тавре таъкид гардид, тибқи созишнома дар бораи шароити кории шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар муҳлати иҷозатнома барои кор аз 1 соли ҳозира бояд то ба 3 сол дароз карда шавад.

Чунонки зикр гардид, мубодилаи санадҳо доир ба тасвиби ин созишномаҳо, ки аз оғози ба ҳукми қонунӣ даромадани онҳо башорат хоҳанд дод, ба наздикӣ аз ҷониби сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат хоҳад гирифт.

Зимни мулоқот бо ишора ба муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.