– Маълумоти баъзе ВАО дар бораи он, ки бар асари меъёри хеле баланди андозбандӣ аксари фурӯшандагони бозори марказии ноҳияи Ёвон корро қатъ кардаанд ва дар ин робита аз ҳукумат расидагӣ ба ҳалли масъаларо дархост намудаанд, асоси воқеӣ надорад, – изҳор намуд дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, воқеъан ҳам аз охири ҳафтаи сипаришуда кормандони мақомоти андози вилоят ва ноҳия оид ба ошкор кардани қонуншиканиҳо дар бахши андоз дар қаламрави ноҳия рейдҳо баргузор намуданд.
«Миёни қисмати начандон зиёди фурӯшандагони бозори марказии ноҳия далелҳои рӯйпӯш сохтани даромадҳо аз андоз ва ба таъхир гузоштани муҳлати пардохти андозҳо ошкор гардиданд, ки барои ин амал онҳо ҷаримабандӣ шуданд», – зикр кард раиси ноҳия.
А.Маҳмадалиев мегӯяд, пас аз ин 10-12 нафар фурӯшандагони норозии бозор тариқи ВАО дар бораи бар асари меъёрҳои хеле баланди андозбандӣ баста шудани бозор маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.
«Имрӯз ман ва намояндагони мақомоти андози ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия фурӯшандагони норозии бозорро ба ҳузур пазируфта, муддати ду соат ба онҳо моҳияти қонуншиканиашон дар бахши пардохти андозро шарҳ додем. Бо назардошти далелҳои мо, онҳо ба пардохти ҷаримаҳои қаблан таъиншуда розӣ шуда, ба савдои худ дар бозор идома медиҳанд», – афзуд раиси ноҳия.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл раиси ноҳияи Ёвон изҳор дошта буд, ки шуруъ аз соли 2014 баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои азими сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»дар ноҳияи Ёвон, ноҳияи комилан аз
кумаки (дотатсия)-и буҷети
ҷумҳурӣ даст мекашад.



