Нотаи ВКХ Қирғизистон дар мавриди дастаи Шоҳ Искандаров

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар мавриди ба Ворух омадани дастаи генерал Шоҳ Искандаров ба Тоҷикистон нотаи навбатии чорумро ирсол намуд. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон, ба ВКХ Тоҷикистон оид ба номақбул будани таҷаммӯъи зиёди нерӯҳои низомӣ дар ноҳияи наздимарзӣ […]



Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар мавриди ба Ворух омадани дастаи генерал Шоҳ Искандаров ба Тоҷикистон нотаи навбатии чорумро ирсол намуд. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон, ба ВКХ Тоҷикистон оид ба номақбул будани таҷаммӯъи зиёди нерӯҳои низомӣ дар ноҳияи наздимарзӣ нотаи дахлдор фиристода шудааст. Хабаргузории қирғиз менависад, ба ВКХ Қирғизистон аллакай аз Тоҷикистон посухи расмӣ расидааст.

«Ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя изҳор намуданд, ки ба тафтиши муштараки муноқиша розӣ буда, ҳамчунин ваъда доданд, ки нерӯҳои низомиро аз қаламрави ноҳияи Исфара дуртар мебаранд. Айни замон ҷузъиёти баргузории ин тадбир ва ҳайати комиссияи дуҷонибаи тафтиши муноқиша дар марз мавриди баррасӣ қарор дорад», – иттилоъ медиҳад «24.kg» бо истинод ба ВКХ Қирғизистон.

Ёдрас мекунем, ки ВАО-и Русия қаблан иттилоъ дода буданд, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон

то 150 нафар низомиёни мусаллаҳи дастаи генерал Шоҳ Искандаров

ба мушоҳида расидаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҷиҳати иштирок дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизисон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ имрӯз

ба Бишкек раҳсипор шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.