Супориши раиси пойтахт ҷиҳати ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон

Мутобиқи қарори чанде қабл баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳо ва ташкилотҳои дахлдори пойтахт ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр уҳдадор шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матуботи мақомоти шаҳрдории Душанбе, мувофиқи қарор, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни […]

ASIA-Plus



Мутобиқи қарори чанде қабл баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳо ва ташкилотҳои дахлдори пойтахт ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр уҳдадор шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи мақомоти шаҳрдории Душанбе, мувофиқи қарор, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни Раёсати маорифи пойтахт қарор доранд, бояд то 15-уми аайи соли равон ба қабули кӯдакону наврасон омода карда шаванд.

«Тобистон дар ду баст дар истироҳатгоҳҳои зикршуда беш аз 1660 нафар аълочиёни таҳсил ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахт ба истироҳат фаро гирифта мешаванд», – иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар 2 басти 36 истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таълимӣ дар мавсими таътили тобистона 3 ҳазору 800 нафар кӯдакону наврасон истироҳат карда метавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.