КДАМ аз се кӯшиши убури ғайриқонунии марз пешгирӣ кард

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ се амалиёти муваффақона доир намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 57 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти якум дар ноҳияи Шуғнон бо қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллахона сурат гирифта, бо истифода аз торикии шаб […]

Аваз Юлдошев



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ се амалиёти муваффақона доир намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 57 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти якум дар ноҳияи Шуғнон бо қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллахона сурат гирифта, бо истифода аз торикии шаб қочоқчиён ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд ва дар ҷойи ҳодиса 32 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.

«Дар амалиёти дигар дар қаламрави ноҳияи Рӯшон марзбонон як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ҷойи ҳодиса 11 кило ҳашиш, таппончаи Макаров ва воситаи шинокуниро дарёфт ва мусодира карданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни амалиёти сеюм боз дар ноҳияи Шуғнон қочоқчиён рӯ ба гурез оварда, аз ҷойи ҳодиса 13,5 кило маводи мухаддирро дарёфт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.