Душанбеву Бишкек тавофуқ ҳосил карданд



Рӯзи 31-уми январ гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек таҳти сарварии муовинони сарвазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов ба итмом расиданд.

Бино ба маълумоти ВКХ Қирғизистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ба эътидол овардани вазъ дар марзро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Ҷонибҳо оид ба аз хатти марз дур бурдани нерӯҳои иловагии низомӣ ва дигар чорабиниҳои таъмини суботу амн дар марзи давлатҳо ба мувофиқа расиданд», – иттилоъ медиҳад ВКХ Қирғизистон.

Ғайр аз ин, иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба тақвият бахшидан ба кори гурӯҳҳои кори ҳукуматӣ оид ба масъалаи аломатгузорӣ дар марз низ гуфтушунид карда, муовинони нахуствазири кишварҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки нимаи моҳи феврал дар ин хусус вохӯрӣ баргузор кунанд.

Ҷонибҳо оид ба ҳалли қариб ҳамаи масоили марбут ба эътидол оврадани вазъ дар марз тавофуқ ҳосил карда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Мутобиқи Протоколи баимзорасида, пас аз иҷрои бандҳои Протоколи мазкур ҷониби Қирғизистон гузаргоҳҳои марзӣ миёни ҳарду кишварро боз мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид ҳамчунин роҳбарони ВКХ, ВКД, Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия ва ёвари президент оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ намояндагӣ карданд.

spot_imgspot_img

Популярное