Омода кардани мутахассисон дар бахшҳои сайёҳиву реклама дар филиали ДДМ

Зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми январ ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) дар Душанбе, доктори улуми филологӣ, профессор Абдулҳамид Нозимов изҳор кард, ки дар муассисаи таълимии мазкур ифтитоҳи бахшҳои омода кардани мутахассисон дар соҳаи сайёҳиву реклама дар назар аст. Ректори муассисаи таълимӣ зикр кард, ки 12 нафар хатмкардаи соли 2013-и филиал дар соҳаи математика муваффақона […]

Кристина Ривера



Зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми январ ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) дар Душанбе, доктори улуми филологӣ, профессор Абдулҳамид Нозимов изҳор кард, ки дар муассисаи таълимии мазкур ифтитоҳи бахшҳои омода кардани мутахассисон дар соҳаи сайёҳиву реклама дар назар аст.

Ректори муассисаи таълимӣ зикр кард, ки 12 нафар хатмкардаи соли 2013-и филиал дар соҳаи математика муваффақона бо ҷойи кор таъмин гардида, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки хатмкардагони филиал бо ҷойҳои кории шоиста таъмин гарданд.

«Айни замон мақомоти раҳбарии муассиса ҳамчунин масъалаи имкони ифтитоҳи магистратура оид ба ихтисоси «математикаи амалӣ ва илми компютерӣ», геология ва забоншиносиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, ман шахсан аз ректори ДДМ Виктор Садовничий дархост намудам, ки ба бакалаврҳои мо барои таҳсил дар магистратура ва аспирантура имкон дода шавад», – таъкид дошт Нозимов.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, соли ҷорӣ сохтмони варзишгоҳи болопӯшида ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар буда, қароргоҳ (база)-и геологӣ ва технопарк оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳо мавриди истифода қарор мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.