Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар робита ба
изҳороти
сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло нигаронии шадид изҳор намуд.
Дар иттилои ВКХ Туркманистон дар ин робита қайд мешавад, ки санаи 29-уми январ дар маводи хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба А.Ҳукуматулло дар бораи тавофуқи ҳосилшуда миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон бо варианти пешниҳодшудаи Тоҷикистон маълумот дода шудааст.
«Таври маъмул ва мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, мувофиқасозии лоиҳаҳои бисёрҷониба бар асоси тафоҳуми ҳамдигарӣ ва баробарӣ миёни ҷонибҳои ҳузурдошта дар омодакунӣ ва амалисозии он сурат мегирад. Изҳороти роҳбари Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар бораи мувофиқасозии қисмати роҳи оҳан бо пайвастан ба марзи Туркманистону Афғонистон бидуни иштироки Туркманистон комилан қобили қабули Туркманистон нест. Дар ин робита ҷониби Туркманистон эътирози қотеъона изҳор намуда, зикр мекунад, ки чунин изҳорот ба салоҳи кор ва мувофиқи мақсад нест», – гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ Туркманистон.



