Содироти ҳудуди 1 тонна тилло аз Тоҷикистон

Соли 2013 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 672,4 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 273,5 кило зиёдтар буда, аз нақшаи пешбинишуда (2,5 тонна) барзиёд аст. Зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми январ вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобоев дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон афзоиши иқтидорҳои КМ […]

Заррина Эргашева



Соли 2013 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 672,4 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 273,5 кило зиёдтар буда, аз нақшаи пешбинишуда (2,5 тонна) барзиёд аст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми январ вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобоев дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон афзоиши иқтидорҳои КМ «Зарафшон» дар назар буда, коргоҳи нав бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз ба истифода дода мешавад.

«Аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон соли гузашта 973,87 килояш ба хориҷи кишвар содир шуда, 370,92 килояшро Вазорати молия, 1 ҳазору 382,5 килояшро Бонки миллии Тоҷикистон ва 3,12 килояшро корхонаҳои истеҳсоли маснӯоти заргарӣ хариданд», – иброз дошт Ш.Бобоев.

Ба итилои вазир, соли 2013 КМ «Зарафшон 1 ҳазору 694,76 кг, КМ «Апрелевка» – 516,74 кг, корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик» – 364,90 кг, коргоҳи заршӯии «Одина – 167,62 кг ва дигар корхонаҳои хурд миқдори боқимондаи тиллоро истеҳсол кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон 1 ҳазору 832 килоро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 64 кило зиёдтар буда, тамоми нуқраи истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар бароварда шудааст ва танҳо 22,08 килояшро Вазорати молияи кишвар ва  92,51 килояшро корхонаҳои заргарӣ харидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.