Фурудгоҳи Душанбе қабули ҳавопаймоҳоро муваққатан маҳдуд кард

Шамоли шадид аз самти ғарб ба пойтахт ба маҳдуд шудани фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) боис гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ФБД хабар доданд, айни замон парвози ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе боздошта шудааст. «Барои парвоз аз фурудгоҳ маҳдудият вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки тамоми ҳавопаймоҳои аз фурудгоҳи Душанбе парвозкарда мувофиқи ҷадвал ба […]

Заррина Эргашева



Шамоли шадид аз самти ғарб ба пойтахт ба маҳдуд шудани фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) боис гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ФБД хабар доданд, айни замон парвози ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе боздошта шудааст.

«Барои парвоз аз фурудгоҳ маҳдудият вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки тамоми ҳавопаймоҳои аз фурудгоҳи Душанбе парвозкарда мувофиқи ҷадвал ба нуқтаи таъинот мерасанд. То беҳтар шудани вазъи обуҳаво фурудгоҳ қабули ҳавопаймоҳоро муваққатан маҳдуд карда, айни замон дар бораи кай беҳтар шудани вазъи обуҳаво мо маълумот дар даст надорем», – гуфтанд дар фурудгоҳ.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти ҷадвали парвозҳо, имрӯз, 1-уми феврал қабули 16 ҳавопаймо дар ФБД дар назар буда, шабона 5 ҳавопаймо ба майдони ҳавоӣ нишастаанд. Парвози ҳавопаймоҳои дигар – аз Маскав, Хуҷанд, Алмаато, Новосибирск, Кобул, Оренбург ва Урумчӣ нимаи дуюми рӯз дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.