Сафаралӣ Наҷмиддинов, ки муддати 14 сол ба ҳайси вазири молияи ҷумҳурӣ фаъолият дошт, бо қарори ҳукумат ба вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки Сафаралӣ Наҷмиддинов аввали моҳи декабр бинобар сабаби ба нафақа рафтан аз мансаби вазири молияи Тоҷикистон сабукдӯш гардида, Абдусалом Қурбонов вазири нави молияи кишвар таъин гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, қаблан муддати начандон зиёд Руҳулло Ҳакимов роҳбарии ин Агентиро бар дӯш дошт. Руҳулло Ҳакимов 6-уми декабри соли гузашта бо фармони президент аз мансаби муовини вазири молия озод шуда, акнун ба ҳайси раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» фаъолият дорад.



