Аз даст рафтани 120 млн. $ бар асари набудани бозори фурӯши барқ



Бар асари набудани бозори фурӯши барқ дар мавсими тобистон, Тоҷикистон ҳамасола беш аз 100 млн. $ маблағи фурӯш аз нерӯи барқро аз даст медиҳад.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар мавсими тобистони соли гузашта дар нерӯгоҳҳои барқии нисбатан бузурги кишвар партоби холии об дар ҳаҷми баробар ба истеҳсоли 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ сурат гирифтаааст, ки агар фурӯши он аз рӯи нархи пасттарин (0,03 $ барои 1 кВт/соат) ҳисоб шавад, 120 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«То соли 2009 Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ пайваст буда, зимистон аз он нерӯи барқ мегирифт ва тобистон ба ивази он нерӯи барқ интиқол мекард. Имрӯз мо маҷбурем, ки оби нерӯгоҳҳоро холӣ партоб кунем, зеро бозори фурӯш мавҷуд нест. Сарфаи нерӯи барқ бошад, аз нигоҳи фаннӣ ғайриимкон аст», – гуфтанд дар вазорат.

Дар вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи Тоҷикистон танҳо тариқи як хати интиқоли барқи «Сангтӯда» – Пули Хумрӣ ва аз он ҷо минбаъд то Кобул ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли 2013 дар Тоҷикистон беш аз 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ҳаҷми воқеъии талафоти он зиёда аз 2,5 млрд. кВсоат (15% аз ҳаҷми умумии истеҳсол)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 0,5% зиёдтар аст. Маблағи умумии фурӯши барқ ба ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (тақрибан 230 млн. $) баробар шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное