Баррасии созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Шӯрои парлумон

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси ин мақоми олии қонунгузор Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия ва […]

ASIA-Plus



Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси ин мақоми олии қонунгузор Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима карданд.

 

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, Созишномаи мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ баррасӣ намуда, иброз намуд, ки Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 ба имзо расида буд, ки он аз 19 модда иборат мебошад.

Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Дар асоси Протоколи мазкур ба банди 2 моддаи 4 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, тағйирот ворид гардида, рухсатнома барои кор ба корманд, ба мӯҳлати амали шартномаи меҳнатӣ на зиёда аз 3 сол дода мешавад.

Ҳуҷҷати мазкур гирифтани ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда дастрас кунанд.

Созишномаи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи боэътимод буда,  имкониятҳои мусоидро барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам меоварад.

Раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Ҳақдодов, Хайринисо Юсуфӣ, Олимҷон Салимзода ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.