Таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои Қӯрғонтеппа

Муддати барфрезӣ тайи 2 шабонарӯз дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон идораҳои давлатии хоҷагии роҳҳои минтақа тавонистанд, ки ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд. Чуноне як манбаъ аз идораи давлатии муассисаи нигоҳдории роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон хабар дод, дар се ағбаи минтақа – Фахробод, Сарбанд ва Султонобод тайи ду шабонарӯзи барфрезӣ […]

Сайраҳмон Назриев



Муддати барфрезӣ тайи 2 шабонарӯз дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон идораҳои давлатии хоҷагии роҳҳои минтақа тавонистанд, ки ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.

Чуноне як манбаъ аз идораи давлатии муассисаи нигоҳдории роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон хабар дод, дар се ағбаи минтақа – Фахробод, Сарбанд ва Султонобод тайи ду шабонарӯзи барфрезӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.

Ба гуфти манбаъ, барои аз барф тоза намудан ва пошидани маводҳои зиддилағжиш дар роҳҳои минтақа 72 техника ва 263 нафар кормандон сафарбар карда шудаанд, ки шабонарӯзӣ кор карда истодаанд.

«Мушкили дар роҳҳои сатҳи маҳаллӣ аст, ки бо сабаби ҷудо нашудани маблағҳои зарурӣ аз буҷаҳои маҳаллӣ роҳҳо аз барф тоза карда намешаванд», – изҳор дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, барои тоза намудани роҳҳои марказӣ бо супориши раиси вилоят техникаи зарурӣ аз муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Вахш ҷалб карда шуд.

Бино ба маълумот расида, муддати барфрезӣ тайи ду шабонарӯз дар минтақа баландии барф то 30 см ва дар баъзе нуқот то 40 см расидааст, ки кори роҳҳсозонро душвор кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.