Оғози санҷиши имомхатибон дар Тоҷикистон

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов ва масъулини соҳа се нафар имомхатиб аз мувофиқа гузаштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, барои аз мувофиқа гузаштани имомхатибон ба онҳо аз ҷониби Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов, Раиси […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов ва масъулини соҳа се нафар имомхатиб аз мувофиқа гузаштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, барои аз мувофиқа гузаштани имомхатибон ба онҳо аз ҷониби Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов, Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва сардорони раёсатҳои иттиҳодияҳои динӣ ва танзими анъанаитм ва ҷашну маросимҳо суолу пурсишҳо дар боби шариат, қонунгузории кишвар, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виқдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонқнҳои соҳавӣ ироа гардид.

Абдураҳим Холиқов дастур дод, ки минбаъд дар Кумита бо мудирони шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дарсҳои умуминазариявии динӣ гузаронида шавад.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои оид ба корҳои дини якчанд шаҳру навоҳии мамлакат аз мувофиқа гузаштанд. Абдураҳим Холиқов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита ва сардорони раёсатҳои дахлдор ба эшон доир ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санаду қонунузориҳои дахлдори соҳа суолҳо пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа 5 нафар бо муваффақият аз мувофиқа гузаштанд. Ба намояндаи шаҳри Роғун ва ноҳияи Бохтар барои такмили дониш ва хубтар аз бар намудани қонунгузории марбутаи соҳа то ду ҳафта муҳлат дода шуд.

Дар охир Абдураҳим Холиқов таъкид дошт, ки маҳз интихоби кадрҳои соҳибтахассус ва дорои дониш ва малакаи хуби кордонӣ метавонад ҷиҳати пурра ва босомар татбиқ гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат намояд. Номбурда намояндагони бархе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки аз мувофиқа гузаштанд ва минбаъд ҳамчун сардори шуъбаи оид ба корҳои дин фаъолият мекунанд, ба поквиҷдониву адолат ва хизмати софдилона ҳидоят намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.