Харҷи миллионҳо маблағи мардум дар корҳои барқароркунии нерӯгоҳи «Роғун»



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбонов изҳор намуд, ки ҳудуди 390 млн. сомонии аз хариди саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» бадастомада ба корҳои барқароркунии иншооти он масраф гардидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» 804,7 млн. сомониро ташкил дода, аз боқимондаи ин воситаҳо (415 млн. сомонӣ) тақрибан 200 млн. сомонӣ дар ихтиёри чанде аз бонкҳои тиҷоратӣ ба сифати пасандоз нигоҳ дошта мешаванд.

Қаблан раҳбарияти Вазорати молия дар ин робита изҳор дошта буд, ки воситаҳои аз фурӯши саҳмия ва сертификатҳои Ҷамъият бадастомада танҳо барои харидории таҷҳизот барои нерӯгоҳ истифода шуда, барои корҳои барқароркунӣ воситаҳои буҷетӣ равона мегарданд.

Қурбонов қайд кард, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба корҳои барқароркунии нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ 306 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад, ки ба маблағи нимсолаи аввали соли гузашта баробар аст.

Вазир таъкид дошт, ки барои анҷом додани ин корҳо нимсолаи дуюми соли 2013 ҷудо кардани 356 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд, лекин тибқи мувофиқа бо Бонки ҷаҳонӣ, корҳои барқароркунӣ дар ин иншоот муваққатан боздошта шуда, танҳо аввали соли ҷорӣ дубора идома ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии арзёбии фанниву иқтисодӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.

Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.

Ахири соли гузашта марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар иттилоияи баъди машварат пахшшуда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ зикр гардид, ки санаи баргузории марҳилаи панҷуми вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарё каме дертар муайян карда мешавад.

Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.  

spot_imgspot_img

Популярное