Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 50-солаи ноҳияи Восеъ Маҳмад Раҳимов боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар пинҳонгоҳи махсуси баки (зарф)-и бензингирии автомшаинаи тамғаи ВАЗ-21011, ки ба боздоштшуда тааллуқ дошт, як миқдор маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
«Дар ҷараёни идомаи амалиёт ҳамчунин ҳаммаслаки боздоштшуда, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Додоҷон Ҷумъаев низ дастгир шуд», – гуфтанд дар шуъбаи КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон гувоҳӣ додаанд, ки маводи нашъаоварро аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ Маҳмад дастрас намуда, онро дар манзили сокини 40-солаи ҷамоати Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷӯравбек Назаров пинҳон кардаанд, то ки минбаъд ба вилояти Суғд интиқол диҳанд.
«Аз боздоштшудагон дар маҷмӯъ 18,5 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳудуди 10 кило ҳашиш ва 9 кило афюн мусодира шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.



