КДАМ: Боздошти гурӯҳи навбатии нашъаҷаллобон

Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 50-солаи ноҳияи Восеъ Маҳмад Раҳимов боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар пинҳонгоҳи махсуси баки (зарф)-и бензингирии автомшаинаи тамғаи ВАЗ-21011, ки ба боздоштшуда тааллуқ дошт, […]

ASIA-Plus



Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 50-солаи ноҳияи Восеъ Маҳмад Раҳимов боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар пинҳонгоҳи махсуси баки (зарф)-и бензингирии автомшаинаи тамғаи ВАЗ-21011, ки ба боздоштшуда тааллуқ дошт, як миқдор маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Дар ҷараёни идомаи амалиёт ҳамчунин ҳаммаслаки боздоштшуда, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Додоҷон Ҷумъаев низ дастгир шуд», – гуфтанд дар шуъбаи КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон гувоҳӣ додаанд, ки маводи нашъаоварро аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ Маҳмад дастрас намуда, онро дар манзили сокини 40-солаи ҷамоати Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷӯравбек Назаров пинҳон кардаанд, то ки минбаъд ба вилояти Суғд интиқол диҳанд.

«Аз боздоштшудагон дар маҷмӯъ 18,5 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳудуди 10 кило ҳашиш ва 9 кило афюн мусодира шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.