Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар Вазорати молияи ҶТ (оғоз соати 09:00), Фурудугоҳи байнулмилалии Душанбе (соати 09:00) ва Агентии омори назди президенти ҶТ (соати 14:00).



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8006

сомонӣ;


1

евро

– 6.4905

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1390

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1929

– Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.


2010

– Кумитаи миллии олимпӣ, КВД «Талко» ва дзюдочӣ Расул Боқиев қарордоде ба имзо расониданд, ки мутобиқи он, ба муддати се соли наздик «Талко» сарпарасти генералии варзишгар шуд.


2011

– Нахуствазир Оқил Оқилов дар бораи эҳёи шаҳраки нақбканони Шӯроб дастур дод.


1918

– Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.


1921

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Оиша Абдулазизова.


1940

– Зодрӯзи доктори улуми иқтисод, собиқ нахуствазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов.


1943

– Мавлуди олим Абдусами Солиев.


1944

– Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Шодӣ Саттор.


1949

– Мавлуди коргардон, Арбоби шоистаи фарҳанг Баҳриддин Сайфиддинов.


1952

– Зодрӯзи ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ, вакил Убайдулло Давлатов.


Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2-7.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадиди  барф.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -5-10, дар доманакӯҳҳо шабона -6-8, рӯзона 0-5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -6-11, рӯзона -3-8;  дар шарқи вилоят шабона -9-14, рӯзона -4-9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -4-6.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -5-7.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -4-6.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона -3-5.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -5-7.

spot_imgspot_img

Популярное