Бо сард гардидани ҳаво ва боридани боришоти зиёд шаҳрвандон роҳу усулҳои гуногуни гармшавӣ аз сарморо ҷуста, қоидаҳои бехатарӣ ва эҳтиёткориро сарфи назар мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, чунин як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», соҳибкор Ҷумъабой Каримови 55-сола ҳамсараш Гулнора Ҷӯраеваи 41-сола ва Фараҳноз Абдулҳатоваи 21-соларо, ки дар бозори ноҳияи Вахш ба соҳибкорӣ машғул буданд, ба бордони автомашинаи шахсиаш савор карда, бо мақсади гармшавиашон дар дохили сатил як миқдор лахчаи сӯзони ангиштсангро дар наздашон мегузорад ва аз назди бозори Гулистон ба сӯи ноҳияи Вахш ҳаракат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар вақти ба ҷамоати деҳоти Рӯдакии ҳамин ноҳия расидан, ронанда мехоҳад ба автомашинааш маводи сӯзишворӣ резад ва дари бордонашро кушода мебинад, ки Абдулҳатова Ф.Б. ва Ҷӯраева Г. аз дуди ангиштсанг заҳролуд шудаанд. «Ҳангоми ба беморхона бурдан Абдулҳатова Ф.Б. ба ҳалокат расида, Ҷӯраева Г. бошад, дар беморхона бистарӣ гардидааст», – гуфта мешавад дар хабари ВКД ҶТ.



