Рекорди нави Тоҷикистон дар таносуби интиқоли маблағҳои пулӣ бо ММД

Нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012, соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ба андозаи 12% афзуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ бо такя ба маълумотҳои пешакии бонкҳои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли 2013 шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 20,1 млрд. сомонӣ ё тақрибан 4,2 млрд. […]

Пайрав Чоршанбиев



Нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012, соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ба андозаи 12% афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ бо такя ба маълумотҳои пешакии бонкҳои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли 2013 шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 20,1 млрд. сомонӣ ё тақрибан 4,2 млрд. доллари ИМА маблағҳои пулӣ интиқол додаанд.

Дар Агентии омор қайд карданд, ки соли 2012 шахсони воқеӣ тариқи низомӣ бонкӣ ба Тоҷикистон 17,6 млрд. сомонӣ ё худ 3,7 млрд. доллари ИМА интиқол дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи интиқолёфта ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2013 нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 49,6%-ро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, соли гузашта ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40,5 млрд. сомониро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 Тоҷикистон аз ҷиҳати таносуби ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ нисбат ба ММД дар сафи пеши кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт. Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита зикр гардида буд, ки ҳамон сол тоҷикон ба ватан маблағи пулии баробар ба ҳудуди 47%-и ММД-и кишварро интиқол додаанд.

Аксари коршиносони соҳа дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки қисмати бештари маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолёфта ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ маблағҳои ба оилаҳояшон фиристодаи муҳоҷирони корӣ мебошад. Аммо мансабдорон бар ин боваранд, ки қисмати зиёди ин маблағҳоро воситаҳои аз содироти хурд воридшуда, аз ҷумла содирот аз хушкмева ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, соли гузашта беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.