Сардиҳои ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон ба ноқисиҳо дар кори шабакаи Интернет боис гардиданд.
Сухангӯи яке аз ширкатҳои фароҳамсози Интернети Babilon-T Холиқназар Ҷумъаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар робита ба сардиҳои шадид дар кишвар, рӯзҳои 3-4-уми феврал камбуду ноқисиҳо дар кори Интернет ба мушоҳида расидаанд.
«Барои бартараф кардани ноқисиҳо мутахассисони ширкат то ҳол кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва умедворем, ки имрӯз ин мушкилӣ бартараф мешавад», – гуфт сухангӯи ширкат.
Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев низ мутмаин аст, ки камбудиву ноқисиҳои пайдошуда дар кори шабакаи Интернет ба сардиҳои шадид вобаста аст. «Чун дар дигар бахшҳо зербинои алоқа ва дастгирии фаъолияти он нишон додаанд, ки онҳо ба чунин обуҳавои ғайримунтазира омода нестанд», – иброз дошт Асоев.
Ба қавли ӯ, ба гунаи мисол агар пойгоҳи заминавӣ дар минтақаи кӯҳсор воқеъ бошад, он метавонад бе нерӯи барқ монад, ки маъмулан бо генераторҳои аз сӯзишворӣ истифодашаванда бо барқ таъмин мегарданд, вале захираи сӯзишворӣ ба чунин вазъи обуҳаво пешбинӣ нашудааст. «Аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот ба мусоид шудани обуҳаво низ марбут аст», – зикр кард Атоев.



